Home page News
Паёми мавлудии Патриархи Маскав ва тамоми Рус …

Паёми мавлудии Патриархи Маскав ва тамоми Рус КИРИЛЛ

Паёми мавлудии Патриархи Маскав ва тамоми Рус КИРИЛЛ

ба кашишҳои аъзам, кашишҳо, порсоён ва ҳамаи фарзандони боимони

Калисои Православии Рус


Ҳазрати кашишҳои аъзам, падарони гиромиқадр, роҳибон ва роҳибаҳои покзамир, бародарон ва хоҳарони азиз!

Дар ин шаби мунир мо муҷаддан саодати соҳиби Наҷотбахши худ гаштани оламро рӯҳан эҳсос менамоем. Муҷаддадан дар хаёли худ Писари Худованди Зиндаро мебинем, ки дар парваришгоҳҳои ғори Байт-Лаҳм хобидааст. Муҷаддадан дар қалбҳои худ нидои нидои малакутиеро мешунавем, ки Офаридгор ва Наҷотбахшро мадҳ мекунад: (Худоро ҷалол дар арши аъло ва осоиштагӣ бар замин ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар миёни мардум бод» (Луқо 2, 14).

Ситоиши нерӯҳои самовотиро шунида, мо дарк мекунем, ки Мавлуди Масеҳ саршори муносиботи беруназзамонӣ аст ва ба сарнавишти ҳар инсон муносибати бевосита дорад. Ҳатто касе, ки ҳануз аз корномаи Наҷотбахш огаҳие надорад, акнун метавонад молики дарки Ҳақ шавад, фарзанди Худованд гардад ва ҳаёти абадиро ба ирс гирад. Мавлуди Масеҳ бароямон ҳақиқатеро дар бораи худи мо ифшо мекунад ва фаҳмидану азхуд кардани ин ҳақиқатро имконпазир мегардонад.

Ба ёд меорем, ки нахустинсонро Офаридгор комил халқ кард, ба сурати Худованд ва ба шабоҳати Худованд (ниг.: Ҳастй 1, 26).Аммо Одам амру найҳро риоят накарда, нияти Офаридгорро дар бораи худ таҳриф намуд. Башарият аз муоширати зинда бо Худованд маҳрум гардида, беш аз пеш ба варта ва такаббур ғӯттавар гардид. Ва он замон Худо офаридаи Худро дӯст дошта ва хостори наҷоти ӯ шуда, Писари Ягонаашро ба дунё фиристод, ки тамомияти табиати инсониро барқарор намуд ва Одами Чадид шуд. Масеҳ бароямон намунаи зиндагиро, ки мушобеҳи нияти Худовандӣ дар бораи инсон буд, нишон дод. Ин намуна маҳаки мӯътамадест, ки бароямон кумак мекунад то роҳгум назанем ва ягона самти дурустеро пайдо кунем, ки моро ба тамомияти зиндагӣ, чи дар шароити ҳаёти заминӣ ва чи дар абадият, раҳнамун месозад.

Мо, ҳангоме ки ба даъватҳои Худовандӣ посух медиҳем, бо ин роҳи наҷотбахш равонаем. Яке аз чунин даъватҳои ба мо руҷӯъёфта, дар номаи Ҳаввории муқаддас Павлус сабт гардидааст: «Дар ҷисмҳои худ ва дар ҷонҳои худ Худоро ҳамду сано кунед, ки онҳо ба Худо тааллук доранд» (1 Ба Қӯринтиён 6, 20). Ин чунин маънӣ дорад, ки мо Худовандро на танҳо аз тариқи ибодату сурудҳои худ, балки ба воситаи корҳои нек ба рифоҳи пайвандон, ба рифоҳи халқи худ, ба рифоҳи Калисо низ мадҳ мекунем.

Чунин меҳнат ба меҳнати сурурбахш ба хотири Масеҳ табдил мегардад, он ҷаҳони атроф ва худи моро дигаргун месозад. Мардум, на ба тариқи иҷборӣ ва на барои ғаразе, балки бо хоҳиши самимонаи саршор аз эҷоди амри неку муфид кор карда, ба ҳамбастагӣ комгор мегарданд. Бо ин васила мо муштаракан иродаи Офаридгорро дар ҳаёт татбиқ намуда, ба Ӯ хидмат мекунем. Калимаи юнонии «литургия» (маросими ибодати зӯҳр) чун «кори умум» тарҷума мешавад. Тамоми зиндагии мо бояд Литургия, ибодати умум ва кори умумие ба хотири он бошад, ки нияти Худовандӣ дар бораи ‚ҷаҳон ва дар бораи инсон ба ҳаёт татбиқ гардад ва ба ҳамин васила ҳамду саноро ба Холиқ тақдир намоем. Ин аз мо ҳамбастагиро бо бародарону хоҳарони ҳамдини мо ва ҳатто бо касоне, ки ҳанӯз дар қалбашон Худовандро дарнаёфтаанду аммо мисли соҳирони инҷилӣ дар роҳ ба сӯи Ӯ ҳастанд, тақозо дорад.

Муҳим будани муттаҳидии талошҳо барои рафъи андӯҳу бадбахтиҳоро ба мо сӯхторҳо, хушксолӣ ва обхезиҳои соли гузашта дар Руссия ва баъзе аз кишварҳои Руси таърихӣ нишон дод. Онҳо бори дигар ба мо масъулияти насронии кӯмак ба наздиконро — сарфи назар аз эътиқодот, миллият ва вазъи иҷтимоӣ, хотирнишон сохтанд. Дар моҳҳои сӯзони тобистонӣ бисёр одамон бо касоне, ки ҳатто намешинохтанд ва гумон аст, ки боре ҳам бубинанд, саховатмандона қувва, вақт ва дороии худро баҳам диданд. Онҳо ин корро ба хотири чӣ анҷом доданд? Ба хотири тараҳҳуму шафқат ба онҳое, ки ба душворӣ рӯбарӯ шудаанд, гирифтори маҳрумӣ гаштаанд ва мӯҳтоҷ и ёрӣ мебошанд.

Ҳамдилии -ҷамъиятӣ, заҳматҳои якҷоя ба хотири дастрасӣ ба ҳадафҳои умумӣ бидуни рафъ кардани худпарастӣ, бидуни маҷбур сохтани худ ба кори нек, бидуни даст кашидан аз нигаронида шудани он маҳз ба эҳтиёҷоту манфиатҳои худ, гайриимкон аст. «Ваҳдати рӯҳ» (Еф. 4, 3)-и воқеӣ бар мабнои қонуни муҳаббате пойдор аст, ки Наҷотбахш бароямон васият кардааст. Он бояд ба қисми ҷудонопазири худшиносии миллӣ ва зиндагии мо табдил ёбад.

Нерӯи ваҳати калисоиро ман ҳангоми боздидҳои сершумори худ аз эпархияҳои Руссия, Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон ба таври возеҳ эҳсос намудам. Дар ҳама ҷо ман омодагии кашишҳои аъзам, рӯҳониёни маъбадҳо, порсоён ва халоиқро ба заҳмат кашидан дар роҳи мазҳаби Православӣ, такмили фаъолиятҳои қавми калисо, дайр ва епархия дидам. Ин моро ба рушди муваффақонаи ҳаёти калисоӣ дар рӯҳи иттиҳод ва ҳамкорӣ умедвор мекунад.

Бо қалби лабрез аз шодмонӣ шумо, ҳазрати кашишҳои аъзам, рӯҳониёни гиромиқадр, дайрнишинон, бародарон ва хоҳаронро бо иди бузург ва наҷотбахши Мавлуди Масеҳ ва Соли Нав табрик менамоям. Бо дуоям барои ҳамаи шумо муҷрии боэҳтимоми иродаи Худовандӣ буданро, ки атоҳои рӯҳониро ба Наҷотбахши олами ҳамакнун зодашуда эҳдо менамоед, таманно дорам, то номи Ӯ ҳамеша, ҳоло ва абадан ва асрҳои аср шӯҳратёр бошад. Омин.

Кирилл,

Патриархи Маскав ва тамоми Рус

Мавлуди Масеҳ соли 2010/2011, Маскав

Share:
Patriarch Kirill met with the DECR Chairman and the Patriarchal Exarch of Western Europe

09.04.2024

His Holiness Patriarch Kirill celebrates moleben in Donskoy Monastery at the shrine with St. Tikhon’s relics

07.04.2024

Patriarch Kirill celebrates at the Annunciation Cathedral of the Moscow Kremlin on the Feast of the Annunciation

07.04.2024

His Holiness Patriarch Kirill celebrates All-night Vigil at the Cathedral of Christ the Savior on the eve of the Feast of the Annunciation

06.04.2024

His Holiness Patriarch Kirill meets with Metropolitan Constantine of Zaraisk

04.04.2024

Metropolitan of All America and Canada Tikhon extends condolences for victims of terrorist attack in Krasnogorsk

25.03.2024

Address by His Holiness Patriarch Kirill on the 25th anniversary of the start of NATO aggression against Yugoslavia

24.03.2024

The Primates of the Russian and Serbian Orthodox Churches head the Divine Liturgy and take the funeral for the bishop of Moravica Anthony at the Christ the Saviour Cathedral in Moscow

16.03.2024

His Holiness Patriarch Kirill meets with the primate of the Serbian Orthodox Church

15.03.2024

Congratulations of His Holiness Patriarch Kirill to the President of Turkey on his 70th birthday

26.02.2024

His Holiness Patriarch Kirill's condolences in connection with the murder of the monks of the Ziquala Abo Monastery in Ethiopia

24.02.2024

Address by His Holiness Patriarch Kirill at the XII Christmas Parliamentary Meetings at the Federation Council of the Russian Federation

23.01.2024

His Holiness Patriarch Kirill: Patriarch of Constantinople is not a free man

07.01.2024

Christmas Message from Patriarch KIRILL of Moscow and All Rus’

06.01.2024

His Holiness Patriarch Kirill had phone conversation with Metropolitan Ioann of Belgorod and Stary Oskol

02.01.2024

Metropolitan Hilarion: Many things in a person's life depend on faith

29.08.2021

Metropolitan Hilarion: The Holy Spirit is the main treasure of the Christian soul

01.08.2021

Metropolitan Hilarion: Holiness is a constant striving to imitate the Lord Jesus Christ

27.06.2021

Metropolitan Hilarion: God does not want to condemn, but to save us

07.03.2021

Metropolitan Hilarion: The Lord always grants to us the opportunity to display our talents

24.01.2021

Metropolitan Hilarion: The Lord has imbued the waters of Jordan with his divine presence to wash away human sins

19.01.2021

Metropolitan Hilarion: to repent means to change your way of life

17.01.2021

On commemoration day of St. Catherine, Metropolitan Hilarion of Volokolamsk officiated at the Church of St. Catherine the Great Martyr In-the-Fields  the representation of the Orthodox Church in America

07.12.2020

Metropolitan Hilarion: We can always show compassion for people

29.11.2020

Metropolitan Hilarion celebrates on commemoration day of St. Varlaam of Khutyn at the church of ‘Joy to All the Afflicted’ icon of the Mother of God

19.11.2020

Metropolitan Hilarion: We should remember that the life of each human being is in the hands of God

06.11.2020

Metropolitan Hilarion: For God there is nothing impossible

25.10.2020

Metropoplitan Hilarion: The cross which was an instrument of dishonourable execution becomes the symbol of salvation for millions of people

27.09.2020

Metropolitan Hilarion: Eucharist is the wedding feast, to which Lord Jesus Christ invites each of us

13.09.2020

Metropolitan Hilarion: Faith alone is not enough for salvation

30.08.2020

Page is available in the following languages
Feedback

Fields marked by * are mandatory required

Send a message
Рус Укр Eng Deu Ελλ Fra Ita Бълг ქარ Срп Rom عرب